Дар чорабинии маърифатӣ беш аз 1,6 ҳазор нафар – мактаббачагон, донишҷӯён, низомиёни Русия, муҳандисон ва табибон, рӯзноманигорону блогнависон ширкат варзиданд.
Дар Тоҷикистон диктанти географӣ миёни афроди касбу кори гуногун сурат гирифт.
Чорабинии ҳамасола аз ҷониби Ҷамъияти Ҷуғрофияи Русия баргузор мешавад. Дар ин чорабинии маърифатӣ беш аз 1,6 ҳазор нафар ширкат карданд, хабар медиҳад намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ.
Дар саросари кишвар даҳ макон баргузории чорабинӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Исфара ва Турсунзода, аз ҷумла дар хонаҳои русӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Мактаббачагон, донишҷӯён, хизматчиёни ҳарбии Русия, муҳандисон ва табибон, иштирокчиёни лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа", рӯзноманигорон ва блогнависон дониши худро аз фанни ҷуғрофиё санҷиданд.
Саволҳои супоришҳо мавзӯъҳои географияи Русия ва ҷаҳон, кашфиётҳои ҷуғрофӣ ва экспедитсияҳоро дар бар мегирифтанд.
Хотиррасон менамоем, ки диктанти ҷуғрофии умумироссиягӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҷуғрофии Русия бо ташаббуси раиси Шӯрои парасторони ҷамъият, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гузаронида мешавад.
Рустами Эмомалӣ дар бораи забони русӣ ва омодагии ҳамкориҳои бештар бо Русия шуд
Чорабинӣ бори аввал соли 2015 дар 210 минтақаи Русия ташкил шуда буд. Аллакай дар соли 2017 ин чорабинӣ ба сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт.
Танҳо дар давоми ҳафт сол дар лоиҳа бештар аз 2,4 миллион нафар одамон иштирок карданд. Инҳо сокинони Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд.
Источник: https://sputnik.tj/20231120/tojikistoniyon-donishh-jughrofi-rusiyaro-sanjid-1060521620.html